• +998 (91) 435-72-09
  • inja_sanat@mail.ru
  • Furqat st. Tashkent, Uzbekistan.
Mutarjim daftaridan
«ЧИ ЗЕБО ЯК НАФАС МОНДАН, МАНУ МАН, МАНУ МАН, МАНУ МАН» –  ҶОНТЕМИР

«ЧИ ЗЕБО ЯК НАФАС МОНДАН, МАНУ МАН, МАНУ МАН, МАНУ МАН» – ҶОНТЕМИР

* * *

Дар ин зулмат
Фақат бо ту
Бимонаму

Гӯш бинҳам
На бар ашки
Соати сард аз сармо,
Гӯш бинҳам
Бар садои дилат шабҳо

Аз танам ларза дарояд бар тани ту
Дар бухори эҳтиросот гум шавем-о
Саҳаргоҳон на аз тарси парешонӣ
Чашм бикшоям зи бӯса:ҳои қотил.

Зулматест, ин ки фарқаш аз Замин танҳо
Офаранда-ш манам танҳо
Надорад баҳру парранда, ситора
Ё
Дарахту қуллаҳои кӯҳ,
Биёбонҳо.

Париёне надорад ӯ
Малакҳое надорад ӯ.
Фариштаи азобаш нест,
Надорад ҷаннату дӯзах.
Дар он нестанд
На Ҷибрилу
На Азроил,
Микоил ҳам
На Исрофил;
Азозил нест…

Бадар кардам бар онҷо аввалан худро
Ва руҳат со:хтам ман дар тахайюлам
Дар ин кишвар фақат ҳар ду:
тую ману тую ман.

Даруни суратам инҷу ниҳон аст
Ва банди сиратамро мекушоям.
Аз он рӯят ту бармегардӣ бар рӯям,
Шаробошомӣ хоҳем кард дар як тан
Ва сигор мекашем,
Бо ҳам –
Китобхонӣ кунем…
ҳар лаҳзаро бар лаҳза
Соатро ба соатҳо
Бипайвандад шабонро ҳам ба рӯзон ИШҚ
Маро ту…
Туро ман мепарасторам,
Дуоҳо мешавад ҳаргиз иҷобат
Ва аслан рӯзи растохез
НАМЕОЯД!

Дар ин зулмат
Фақат бо ту
Бимонам ман…
чи зебо як нафас мондан
Ману Ман
Ману Ман
Ману Ман.

* * *

Вай оташ буд, як сийна сӯхтор,
Нӯшидам ман, сӯхта гулуям.
Сад пора шуд танам хор-у зор
Ва бо кашиш жамъ намудам.
Мағлубаш кард қаттол ҳамин ҷон,
Ором гузошт рӯи маҳиннах.
Дар дӯзах ғарқ шуда то миён,
Бихондам ман ашъор ба ҷаннат.
Меҷунбонид шабам арғанун,
Лахча дар бар,
Дар дил аммо ях.
Ба ман Маро мадеҳ, эй ҷунун,
Дар ин ҳолам монам муаллақ!

Дилсӯзӣ

Муҳаббат фараштурук аст!
Шодӣ ин фараштурук аст!
Бахт низ фараштурук аст!
Фараштурук ин — аст пазмон!
Зиндагӣ?
Саф кашида рӯи симчӯбон
Сароишро дӯст медоранд
фараштурукон.
Дӯстдоштаи шӯрбахти ман,
Надонӣ, ки дилу ҷонам
Месӯзад,
Дили ҷӯшонам —
баҳри эҳсоси
симчӯбнадошта-т…
Касе, ки надорад
симчӯбаки хеш,
Андар бечорагон шӯрбахтдарин аст.

Мутарҷим: Шоҳрӯз МӮМИНЗОДА

1 thought on “«ЧИ ЗЕБО ЯК НАФАС МОНДАН, МАНУ МАН, МАНУ МАН, МАНУ МАН» – ҶОНТЕМИР

Fikr bildirish

Email manzilingiz chop etilmaydi. Majburiy bandlar * bilan belgilangan